Ссылки доступа

Назарбоев: дар Қазоқистон баъди соли 2020 "ҳама чиз хуб мешавад"


Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев бар ин назар аст, ки кишвараш сар аз соли 2017 аз буҳрон берун меояд ва аз соли 2020 дар Қазоқистон ҳама чиз "хуб мешавад".

Назарбоев гуфтааст, интизор дорад, ки қимати маҳсулоти содиротӣ баъди чанд сол боло меравад. Вай афзудааст, дар кишвараш корхонаи нави саноатӣ ба истифода дода хоҳанд шуд.

Президенти Қазоқистон мегӯяд, аз ҳукумати наваш "фаъолияти пурсамар"-ро интизор аст.

Дар Қазоқистон ҳамчунин вазорати дин ва ҷомеаи шаҳрвандӣ таъсис шудааст. Вазорати навро котиби пешини Шӯрои амният Нурлан Ермекбоев роҳбарӣ мекунад. Таъсиси вазорати навро Назарбоев "талаботи рӯз" номидааст.

XS
SM
MD
LG