Ссылки доступа

Созиши ИМА ва Русия барои тамдиди оташбас дар Сурия


Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия ва ҳамтои амрикоияш Ҷон Керри созиш кардаанд, ки бо мақсади коҳиши буҳрони башардӯстонаи Сурия муҳлати оташбасро дар ин кишвар 48 соати дигар дароз кунанд.

Марк Тоунер, намояндаи Департаменти давлатӣ мегӯяд, бо вуҷуди баъзе хабарҳо дар бораи задухурдҳои алоҳида, низоми оташбас дар маҷмуъ риоя шуда, сатҳи хушунат низ ба таври назаррас коҳиш ёфтааст.

Ба иттилои ВКХ Русия, Лавров зимни суҳбат бо Ҷон Керри гуфтааст, мухолифони муътадили Сурия, ки аз сӯи Вашингтон ҳимоят мешаванд, бояд аз гуруҳҳои тундрав ва "Ҷабҳат ун-Нусра" ҷудо карда шаванд.

Пан Ги Мун, дабири кулли СММ рӯзи чаҳоршанбе аз ИМА ва Русия дубора даъват кард, ки барои расонидани кумаки башардӯстонаи фаврӣ ба шаҳрвандони Сурия шароитро фароҳам кунанд.

ИМА ва Русия 9 сентябри соли равон дар бораи оташбаси 12 сентябри Сурия ба созиш расида буданд.

XS
SM
MD
LG