Ссылки доступа

Дар Тоҷикистон шаҳри қадимии Кушониҳоро ёфтанд (видео)


Бостоншиносони Осорхонаи миллии Тоҷикистон тайи ду ҳафтаи ахир дар маҳалли ковиши археологии шаҳри қадимаи Кушониҳо даҳҳо осору бозёфтҳои он замонро аз зери хок берун оварданд.

Раҳбари гуруҳи бостоншиносон, сардори Раёсати бостоншиносӣ ва сиккашиносии Осорхонаи миллӣ Давлатхоҷа Довудӣ баъди муаррифии гуруҳи корӣ гуфт, ки ковиши пурраи ин шаҳр ба дӯши Осорхонаи миллӣ буда, ба он ихтиёриён, аз ҷумла сокинони деҳаи Сайёд ҷалб шудаанд.

"Ибтидои ҳафриёт нишон медиҳад, ки дар ин баландӣ шаҳри бузурги тиҷоратии Кушониҳо вуҷуд доштааст. Сиккаҳо ва ҳайкалҳои кӯчак, ҷоми оҳанин, косаҳои гилӣ ва ороишу зиннатҳое, ки аз зери хок пайдо шуданд, ба замони Кушониён тааллуқ доштани онҳоро далолат мекунанд", - гуфт Давлатхоҷа Довудӣ.

Ҳафриёт тоза шурӯъ шудааст ва биноҳои ин шаҳри қадима пурра коркард нашудаанд. Аммо аз дохили бино ду хуми бузург ёфт шудааст, ки ба гуфтаи бостоншиносон Кушониҳо зоҳиран онҳоро барои сард нигоҳ доштани об истифода мекарданд.

Ҳафриёт ё ковиши ин шаҳри қадима то 10 октябри соли равон аз ҷониби бостоншиносони Осорхонаи миллӣ идома хоҳад кард ва қисмати дувуми он соли оянда шурӯъ мешавад. Ҳафриёт дар ин шаҳри қадимӣ бо маблағи хурде аз буҷаи Осорхонаи миллӣ, чизе баробар бо 4 ҳазор доллари амрикоӣ, анҷом мешавад. Ба ин кор панҷ бостоншинос ва беш аз даҳ корманди ихтиёрӣ ҷалб шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон дар даҳсолаи ахир чандин шаҳри қадимиро аз зери хок берун оварда, ин мавридҳоро барои муаррифии ҳуввияти миллии тоҷикон ва фарҳангу тамаддуни қадимии он истифда мекунанд.

Архиологическая находка времен Кушанидов в Таджикистане
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:03:25 0:00
XS
SM
MD
LG