Ссылки доступа

Остона аз Москва ҳавопаймоҳои низомӣ мехарад


Қазоқистон ният дорад аз Русия ҳавопаймоҳои низомӣ харад. Вазорати дифои Қазоқистон мегӯяд, ин ҳавопаймои " барои эҳтиёҷи умумидавлатӣ" истифода хоҳад бурд.

"Дар ҳоли ҳозир корхонаи давлатии "Казпетсэкспорт" бо ҷониби Русия барои харидани ҳавопаймоҳои низомии Ил-76МД-90А гуфтугӯ мекунад", - хабар медиҳад вазорати дифои Қазоқистон.

Ил-76МД-90А шакли такмилшудаи ҳавопаймои Ил-76 аст.

XS
SM
MD
LG