Ссылки доступа

Мухолифони Сурия эҳтимоли аз саргирии гуфтушуниди сулҳро рад карданд


Мухолифони Сурия иттилоъ дар бораи онро ки замони аз саргирии гуфтушунидҳои сулҳ аллакай муайян шудааст, рад карданд.

Ҷорҷ Сабра, узви "Кумитаи олии музокирот"-и нерӯҳои мухолиф гуфтааст, умедҳо ба ҳалли осоиштаи буҳрони Сурия хеле каманд. Зеро режими президент Башор Асад ҳамеша низоми оташбасеро, ки 12 сентябр эълон шудааст, вайрон мекунад.

Қаблан Геннадий Гатилов, муовини вазири корҳои хориҷии Русия гуфта буд, ки давраи нави гуфтушуниди сулҳ бо миёнаравии СММ эҳтимол аст, охирҳои моҳи сентябри соли равон оғоз шавад.

Русия нерӯҳои мухолифи Сурияро дар он айбдор мекунад, ки низоми оташбасро риоя намекунанд ва ҳамчунин иддао дорад, ки Иёлоти Муттаҳида на ҳамаи масъулятҳои ба зимма гирифтаашро иҷро мекунад. Игор Конашенков, намояндаи вазорати дифои Русия рӯзи панҷшанбе гуфт, гуруҳҳои мухолифи Сурия, ки аз сӯи Вашингтон ҳимоят мешаванд, тирборон кардани минтақаҳои аҳолинишинро пурзӯр кардаанд.

Ҷон Керри, котиби давлатии ИМА ва Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия ба ин ҳама нигоҳ накарда, созиш карданд, ки бо мақсади коҳиши буҳрони инсонӣ дар Сурия низоми оташбас 48 соати дигар дароз карда шавад.

XS
SM
MD
LG