Ссылки доступа

Аз 1 октябр нерӯи барқ дар Ӯзбекистон қимат мешавад


ҶСК "Ӯзбекэнерго"-и Ӯзбекистон хабар додааст, ки сар аз 1 октябри соли равон нархи нерӯи барқ барои сокинон ва корхонаҳои ин кишвар боло хоҳад рафт.

Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, ширкат болоравии нархи барқро дар Ӯзбекистон ба афзоиши қиммати захираҳои сӯзишворию энергетикӣ марбут хондааст. Ба ҳисоби миёна, ин баландравӣ 5%-ро ташкил медиҳад.

Ҳамин тариқ, сокинони хонаҳои бисёрҳуҷрагии Ӯзбекистон минбаъд барои 1 кВтч нерӯи барқ ба ҷои 182 сӯм ($0,02) 191 сӯм ($0,03 бо қурби бозор) пардохт хоҳанд кард. Ба хонаҳои хусусии муҷаҳҳаз бо оташдонҳои барқӣ бар ивази 95,5 сӯм ($0,01) фурӯхта мешавад.

Ёдрас мешавем, ки бори ахир арзиши барқ дар Ӯзбекистон моҳи апрели соли равон боло рафта буд, ки он замон 9%-ро ташкил медод.

XS
SM
MD
LG