Ссылки доступа

Штайнмайер: оташбас дар Украина риоя мешавад


Ба гуфтаи Франк-Валтер Штайнмайер - вазири корҳои хориҷии Олмон, низоми нави оташбасе, ки дар шарқи Украина эълон шудааст, пурра риоя мешавад.

"Албатта, ҳанӯз суҳбат кардан дар ин бора барвақт аст. Вале хабари нозирони САҲА, ки оташбас то шоми дирӯз риоя шудааст, маро руҳбаланд кард", - гуфтааст Штайнмайер ҳангоми боздидаш аз шаҳри Краматорск, воқеъ дар шарқи Украина, ки зери идораи нерӯҳои ҳукуматӣ қарор дорад. "Ин бозгӯкунандаи он аст, ки ҷонибҳо метавонанд, вазъро бо иродаи сиёсӣ назорат кунанд", - афзудааст ӯ.

Александр Мотузанюк, намояндаи Вазорати дифои Украина гуфт, аз дишаб ба ин сӯ ҷудоихоҳон 6 бор низоми оташбасро вайрон кардаанд. Ин дар ҳолест, ки намояндагони шӯришгарон мегӯянд, ки ҷудоихоҳон тирборон шудаанд. Раҳбарони ҷудоихоҳон дар вилоятҳои Донетск ва Луганск 14 сентябри соли равон оташбаси якҷониба эълон карданд.

Қаблан ҷонибҳо ба созиш расида буданд, ки амалҳои хушунатомезро дар оғози соли нави таҳсил қатъ мекунанд, вале ин ваъда иҷро нашуд. Сар аз моҳи апрели соли 2014 дар натиҷаи даргириҳои Украина 9 ҳазору 600 нафар кушта шудааст.

XS
SM
MD
LG