Ссылки доступа

Telia 1,4 миллиард доллар ҷаримаи ришва медиҳад


Ширкати мобилии Teliaи Скандинавия мегӯяд, барои ба созиш расидан дар мавриди парвандаи шартномае, ки соли 2007 бо Ӯзбекистон баста буд, бояд 1,4 миллиард доллари ИМА пардохт кунад.

Ба назари додситонҳои Амрикову Шветсия, ширкат ба Гулнора Каримова, духтари бузурги президенти пешини Ӯзбекистон садҳо миллион доллар ришва додааст, то ба бозори алоқаи ин кишвар ворид шавад.

"Ман борҳо гуфта будам, ки Telia ба бозори Ӯзбекистон бо роҳи ғайриахлоқию ғайриқонунӣ дохил шудааст ва мо омодаем, ки масъулияти онро ба зимма гирем", - гуфтааст Мари Эрлинг, раиси Telia 15 сентябр.

Ширкати бузурги мухобиротии Шведсияву Финландия нақша дорад, ки бозори 7 кишвари осиёӣ, аз ҷумла Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Гурҷистон, Молдова ва Тоҷикистонро тарк кунад. Telia то ин дам гуфт, тафтишҳои дохилӣ нишон додаанд, ки ширкат қоидаҳои ахлоқии худро вайрон кардааст, вале ба қонуншикание роҳ надодааст.

XS
SM
MD
LG