Ссылки доступа

Истиқболи Путин аз натиҷаҳои интихоботи порлумонии Русия


Владимир Путин, президенти Русия аз натиҷаҳои интихоботи порлумонии кишвараш, ки дар он бар пояи иттилои ахир, Ҳизби ҳокими "Русияи воҳид" тавонист, бештари курсиҳои ниҳоди қонунбарорро дубора соҳиб шавад, истиқбол кард.

Вай натиҷаи пешакиро раъйи эътимод хонд. Путин ҳамчунин зикр кард, ки Русия гирифтори буҳрони иқтисодӣ аст. Вале ба гуфтаи ӯ, мардуми кишвараш фаъолияти самимии вакилонро эътироф мекунанд. "Вазъият осон нест, мардум инро эҳсос мекунанд, вале умед доранд, ки вазъи сиёсӣ муътадил хоҳад шуд", - афзуд президенти Русия.

Бино ба натиҷаи ҳисоби 15%-и варақаҳои овоздиҳӣ, "Русияи воҳид" бештари курсиҳои порлумон - 50%-ро ба даст овардааст. Дар баробари он ҳамчунин се ҳизби дигари Русия ҳузури худ дар Думаи давлатиро ҳифз карданд. Баъди ҳизби ҳоким Ҳизби либерал-демократӣ, Ҳизби коммунистӣ ва "Русияи боадолат" мутаносибан дар мақомҳои якуму дувум ва севум қарор доранд.

Дар ҳамин ҳол, намояндагони ҳизбҳои "Яблоко", ПАРНАС, КПРФ ва нозирони ҳаракати ҷамъиятии ҳимоят аз ҳуқуқи раъйдиҳандагон - "Голос" аз қонуншиканиҳо дар интихоботи порлумонии Русия хабар доданд. Вазорати корҳои дохилии ин кишвар низ гуфтааст, дар нуқтаҳои раъйдиҳии вилояти Ростов партофта шудани варақаҳои овоздиҳӣ мушоҳида шудаанд.

XS
SM
MD
LG