Ссылки доступа

Сафари Алмосбек Отамбоев ба ИМА


Алмосбек Отамбоев, президенти Қирғизистон дар ҷаласаи 71-уми Маҷмаи умумии СММ дар шаҳри Ню-Йорк иштирок хоҳад кард.

Ба иттилои хадамоти матбуотии президенти Қирғизистон, Отамбоев имрӯз, 19 сентябр ба ИМА сафар мекунад. Дар бораи мавзуи суханронии ӯ чизе гуфта нашудааст.

Ёдрас мешавем, ки ҷаласаи 71-уми Маҷмаи умумии СММ 13 сентябри соли равон дар Ню-Йорк оғоз гардида, мубоҳисаи умумии солонаи он аз 20 то 26 сентябр идома хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG