Ссылки доступа

Ифтитоҳи фурудгоҳи беш аз 2 миллиард долларии Ишқобод


Дар Ишқободи Туркманистон фурудгоҳи нави байнамилалӣ бо харҷи беш аз ду миллиард доллари ИМА бунёд ва ба истифода дода шуд.

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон дар расми ифтитоҳи он иштирок карда, гуфтааст, ки ин бандари нави ҳавоии муҷаҳҳаз бо технологияи замонавӣ ба рушди робитаҳои иқтисодӣ ва тиҷории қитъавию байниқитъавӣ сабаб мешавад.

Зимни ин маросим ба фурудгоҳи Ишқобод барои муҳандисии тасвири калонтарин уқоби боми бинои асосияш шаҳодатномаи китоби рекордҳои Гиннесро тақдим кардаанд. Масоҳати умумии тасвир 705 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Корҳои сохтмонии фурудгоҳи нави Ишқободро ширкати туркии "Плимекс" анҷом додааст, ки Шаҳраки олимпӣ, Муҷассамаи тилоии Туркменбошӣ, Манораи телевизионии Ишқобод ва фурудгоҳи байналмилалии Туркманбошӣ низ аз сӯи он бунёд шуда буданд.

Ба иттилои сомонаи Плимекс, фурудгоҳи мазкур бо харҷи 2,2 миллиард доллар сохта шудааст.

XS
SM
MD
LG