Ссылки доступа

Тими Чин бештари медалҳои Паролимпиро бурд


Бозиҳои тобистонаи Паролимпӣ дар Рио-де-Жанейро, ки аз 7 то 18 сентябр баргузор шуд, ба охир расид. Маросими басташавии бозиҳо шоми 18 сентябр доир шуд.

Раиси Кумитаи байналхалқии паролимпӣ Филипп Крэйвен Бразилияро барои ташкили ин бозиҳо ташаккур гуфт. Вай оташи бозиҳои навбатиро ба Ҷопон супорид. Соли 2020 бозиҳои навбатии Олимпӣ дар Токио барпо хоҳанд шуд.

Дар бозиҳои тобистонаи паролимпӣ бештар аз 4000 варзишгар аз 160 кишвари дунё ширкат карданд. Онҳо барои 528 медал мубориза бурданд.

Чин бо касби 239 медал (107 тило, 81 нуқра ва 51 биринҷӣ) ҷои аввалро ишғол кард. Бритониё дувум ва Украина ҷои севумро касб карданд.

Дар маҷмуъ, варзишгарони 83 кишвар соҳиби медал шуданд.

XS
SM
MD
LG