Ссылки доступа

Умарова аз ҳуқуқҳои Слекишина дубора ҳимоят мекунад


Айман Умарова, вакили мудофеъ мегӯяд, аз ҳуқуқи Наталя Слекишина, ки гӯиё дар яке аз маҳбасҳои Алмаатои Қазоқистон таҷовузи гуруҳӣ шудааст, дубора ҳимоят мекунад.

Ин дар ҳолест, ки Слекишина 13 сентябри соли равон нохост аз хизматрасонии вакили дифоъ даст кашид. Умарова баъди як мулоқот бо зерҳимояаш дар зиндон гуфтааст, ки ба Слекишина фишор овардаанд, то аз хизматрасонии вакили мудофеъ даст кашида, шоҳидии дурӯғ диҳад.

Ин вакили дифоъ аризаи зерҳимояашро дар саҳифаи худ нашр кардааст, ки дар он Слекишина мулоқот бо Умарова ва намояндагони додситонию ВАО-ро талаб кардааст. Ин зан ҳамчунин қайд кардааст, ки агар ин дархости ӯ иҷро нашавад, гуруснанишинӣ хоҳад кард.

Слекишина, ки соли гузашта дар маҳбаси Раёсати иҷрои ҷазои ҷиноии Алмаато нигаҳдорӣ мешуд, ҳомила шуда, фарзанд ба дунё овард. Вай иддао дорад, ки дар зиндон мавриди таҷовузи гуруҳӣ қарор гирифтааст. Баррасии ин қазия дар додгоҳ пушти дарҳои баста 11 августи соли равон оғоз гардид.

Ҳоло бо гумони таҷовуз ба номуси Слекишина танҳо як корманди 37-солаи зиндони Алмаато Руслан Ҳакимов ба ҳасб гирифта шудааст, ки бар пояи натиҷаи ташхиси тиббӣ падари фарзанди Слекишина хонда мешавад. Зидди Ҳакимов бо моддаҳои таҷовуз ба номус ва сӯистифода аз мақом парванда боз кардаанд. Се корманди дигари зиндон, ки дар доираи парвандаи мазкур гумонбар буданд, ба ҳайси шоҳид иштирок доранд.

XS
SM
MD
LG