Ссылки доступа

Раиси варзиши Туркманистон баъди нокомӣ дар Олимпиада барканор шуд


Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон раиси кумитаи варзиши кишвараш Какабой Саидовро аз мақом барканор ва сафири Тукрманистон дар Озарбойҷонро дар ин кумита раис таъйин кардааст.

Какабой Саидов дар гузашта устоди варзиш ва декани яке аз факултаҳои Донишкадаи варзиши Туркманистон буд, ки аз сентябри соли 2014 то кунун дар курсии раисии кумитаи варзиши ин кишвар нишаст.

Нокомии тими Туркманистон дар Бозиҳоии тобистонаи Олимпӣ дар Рио-де-Жанейро норозигии Бердимуҳаммадовро ба бор овард. Президенти Туркманистон дар яке аз ҷаласаҳои ҳукуматӣ гуфт, "дар ҷаҳон эҳтимол кишвари дигаре мавҷуд набошад, ки барои варзиш мисли кишвари мо пули зиёд сарф кунад".

Баъди нокомии тими Туркманистон Какабой Саидов танбеҳ гирифта ва ҳамчунин ҳушдор дода шуда буд, ки дар сурати ислоҳ накардани камбудиҳо аз мақом барканор хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG