Ссылки доступа

Истирдоди 133 "узви" Давлати исломӣ ба Тоҷикистон


Бино ба иттилои расмӣ, беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар сафи гуруҳҳои гуногуни террористию экстремистӣ қарор доранд. Мақомот мегӯянд, дар 8 моҳи ахир даҳҳо ҷавони тоҷики гумонбар ба терроризм ва ифротгароиро барои муҷозот кардан ба ватан бозпас овардаанд.

Тавре Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон 19 сентябр зимни ҳамоише дар доираи лоиҳаи "Калкан"-и Интерпол дар Душанбе изҳор дошт, 151 шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба терроризм ва ифротгароӣ айбдормешуданд, дар кишварҳои хориҷ боздошт ва ба ватан истирдод шудаанд.

Аз ин миён 133 нафарашон узви гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ”, 5 нафар узви созмони “Ҷамоати Ансоруллоҳ”, 4 нафар аз гурӯҳи фармондеҳи ошӯбгар Абдуҳалим Назарзода ва як нафарӣ аз гурӯҳу созмонҳои “Ҳизбу-ут-Таҳрир”, Ҳаракати Исломии Ӯзбекистон, “Салафия”, “Гурӯҳи 24” ва “Ҷамоати Таблиғ”-анд.

Ба иттилои ВКД, дар 1,5 соли ахир 75 шаҳрванди тоҷик, ки дар ҷангҳои хориҷӣ иштирок доштанд,пушаймонӣ шуда, довталабона ба Тоҷикистон баргаштаанд. Мақомот мегӯянд, ки ҷамъан беш аз 1100 шаҳрванди Тоҷикистон барои иштирок дар ҷангҳо ба Ироқу Сурия рафтаанд ва то кунун хабари марги зиёда аз 300 нафарашон расидааст.

Тоҷикистон, ки чан сол мешавад, ба Интерпол пайвастааст, аз кишварҳои узв дархост кардааст, ки барои дастгир ва ба ватан бозпас овардани даҳҳо нафари гумонбар ба терроризму ифротгароӣ ва ҷиноятҳои дигари сангин кумак кунанд.

XS
SM
MD
LG