Ссылки доступа

Задухурди муштариёни сигор дар Ишқобод


Пулис маҷбур шуд, то анбуҳи одамонеро, ки барои харидории тамоку дар назди яке аз мағозаҳои давлатии Ишқобод ҷамъ шуда буданд, пароканда созад. Бино ба хабарҳо, чунин ҳодиса бори аввал нест, ки дар пойтахти Туркманистон рух медиҳад.

Субҳи 8 сентябр яке аз мағозаҳои давлатӣ дар Ишқобод фурӯши тамокуро оғоз кардааст. Вале ҳамагӣ баъди ду соат фурӯшандаҳо маҷбур шудаанд, ки дарҳои худро бибанданд ва пулисро даъват кунанд, чун навбатпоии муштариён ба низоъ печидааст.

Гуруҳи кормандони пулис, ки ба макони ҳодиса ҳозир шуданд, ба душворӣ тавонистаанд, беш аз 500 нафарро ором кунанд. Он замон ба ҳар як одам як қуттии тамоку бар ивази 12 манат фурӯхта мешуд. Ҳоло як қутти тамокуи арзонтарин 42 манат ва як донааш 3 манат арзиш дорад.

Чанд ҳафта мешавад, ки дар Туркманистон тамоку фурӯхта намешавад. Қаблан ҳам воридот ва фурӯши он барои ширкату корхонаҳои хусусӣ низ манъ шуда буд. Вале ҳодисаҳои ахир нишон медиҳанд, ки ниҳодҳои Вазорати савдои Туркманистон ҳанӯз ҳам ба воридоти мунтазами сигор омода нестанд ва ин ба навбатпоии зиёди муштариёну кашмакашҳо ва афзоиши нархи тамоку дар бозори сиёҳ сабаб шудааст.

Он замон 1 доллари ИМА бар изваи 5 манат харидорӣ ва 55 манат фурӯхта мешуд.

XS
SM
MD
LG