Ссылки доступа

Кумитаи амнияти Қирғизистон мегӯяд, дар пайи бадномсозии ҳукумати муваққат нест


Мақомоти махсус зидди аъзои Ҳукумати муваққати Қирғизистон айб ва нишондод ҷамъ наовардаанд. Дар ин бора муовини раиси КДАМ-и он кишвар Дуйшенбек Чоткараев хабар медиҳад.

Ба гуфтаи вай, хабари ин ки кормандони КДАМ барои ҷамъоварии айбнома ба Тошканд рафтаанд, воқеият надорад.

Сомонаи Fergananews.com бо такя ба манбаъҳояш хабар дод, ки чанд рӯз пештар кормандони КДАМ дар ҷануби Қирғизистон чанд мулоқот анҷом додаанд. Дар ин "мулоқотҳо" хешовандони фаъолони ҷамъиятӣ, ки тарки Қирғизистон кардаанд, зидди президенти пешини ин кишвар Роза Отунбоева ва фаъоли ҷамъиятӣ Эдил Байсалов нишондод додаанд.

Ин сомона ҳамчунин хабар медиҳад, дар ибтидои моҳи сентябр як гуруҳ кормандони КДАМ ба Тошканд рафта, бо афроде, ки дар Қирғизистон ба тундгароӣ ва ҷудоихоҳӣ айбдор мешаванд, мулоқот кардаанд. Ба онҳо пешниҳод шудааст, ки зидди Отунбоева ва Байсалов муроҷиати видеоӣ нашр кунанд.

XS
SM
MD
LG