Ссылки доступа

Остона ҳангоми шарҳи болоравии нархи Интернет ба Русия ишора кард


Даурен Абаев, вазири иттилоот ва коммуникатсияи Қазоқистон изҳороти ширкатҳои фароҳамкунандаи Қирғизистонро, ки дар он ҷониби Остонаро ба афзоиши ғайриқонунии арзиши Интернет айбдор кардаанд, шарҳ дод.

"Масъалаи мазкурро ҳоло дақиқ баррасӣ дорем. Бояд гуфт, ки интернетро ба ҳамтоёни қирғизамон ширкатҳои хусусӣ фароҳам мекунанд. Мо дар ҳоли ҳозир ба таври муфассал омӯхта истодаем, ки оё миёни фароҳамкунандагон ягон доду ситади пулӣ ҳаст ё не. Ин як муносибати бозорӣ аст ва давлат набояд ба он зиёд дахолат кунад. Дар сурати мавҷуд будани созиши пулӣ ин масъаларо ҳал хоҳем кард. Вале чизи дигареро ҳам бояд ба назр гирифт, ки мо интернетро аз Русия мегирем ва дар ин кишвар ҳам бозор аст", - изҳор доштааст Абаев.

Қаблан Анҷумани ширкатҳои мобилии Қирғизистон хабар дод, ки ширкатҳои фароҳамкунандаи Қазоқистон арзиши тарофаҳои Интернетро барои ин кишвар аз 1,5 то 3 баробар гарон кардаанд, вале сабаби ин иқдом эълон нашудааст. Баъди эълони ин хабар бештари ширкатҳо ё нархи тарофаҳоро баланд ё суръати интернетро заиф карданд.

Намояндагони ширкати "Қазоқтелеком" мегӯянд, ба ин масъала иртиботе надоранд.

XS
SM
MD
LG