Ссылки доступа

Задухурдҳо дар Ҳалаби Сурия дубора оғоз шуд


Дар шаҳрҳои Ҳалабу Ҳами Сурия задухурдҳо миёни шӯришгарон ва нерӯҳои содиқ ба президент Башор Асад идома доранд. Бино ба хабарҳо, дар натиҷаи зарбаҳои ҳавоии ахир даҳҳо одам, аз ҷумла чаҳор корманди тиббӣ ҷон додаанд.

Шаби сешанбе ба чаҳоршанбе дар минтақаҳое, ки дастрасӣ ба шаҳри Ҳалаб аз онҷо назорат мешавад, амалиёти низомӣ сурат гирифтааст. Ҳалаб дар муҳосираи нерӯҳои ҳукумати Сурия қарор дошта, шарқи он дар дасти шӯришгарон аст. Қувваҳои мусаллаҳи президент Башор Асад ба кумаки нерӯҳои ҳавоии Русия ва шибҳнизомиёни Эрон такя доранд.

Расонаҳои давлатии Сурия иттилоъ доданд, ки артиши ин кишвар корхонаи нӯриҳои кимиёии ноҳияи Рамуаш, воқеъ дар ҷанубу ғарби Ҳалабро тасарруф кардаанд. Гуруҳи назорати ҳуқуқи инсони Сурия низ хабари ҳамларо тасдиқ карда, мегӯяд, нерӯҳои ҳукуматӣ фишор ба маҷмааи истиқоматиро, ки дар наздикӣ ҷойгир аст, пурзӯр кардаанд.

Шуруи задухурдҳо ояндаи оташбасеро, ки баъди ҳамла ба корвони мошинҳои кумак қатъ шуд, норушан хоҳад кард. Ба назари ИМА, ба мошинҳои ҳомили кумак ҳавопаймоҳои Русия ҳамла кардаанд. Ин дар ҳолест, ки Москва пайвандашро бо ҳамлаҳои ҳавоӣ рад мекунад.

Бо вуҷуди айбдор шудани Москва ба бомбаборони корвони кумак Иёлоти Муттаҳида мегӯяд, созишномаи қатъи даргириҳо, ки дар якҷоягӣ бо ҷониби Русия ба миён омад, ҳанӯз ҳам "зинда" аст.

XS
SM
MD
LG