Ссылки доступа

Дар Атирау мардумро нагузоштанд, ки эътироз кунанд


Дар Атирауи Қазоқистон ин бор ҳам ба сокинон иҷозат надоданд, ки барои ҷонибдорӣ аз ду фаъоли ҷамъиятии боздоштшуда - Макс Бокаев ва Талғат Аян эътироз барпо кунанд. Ин эътироз 17 сентябр дар назар дошта шуда буд ва интизор мерафт то 80 эътирозгар гирди ҳам оянд.

Эътирозгарон мехостанд дар ҷое, ки баргузории чорабиниҳои оммавӣ иҷозат аст, ҷамъ шаванд.

Аммо мақомоти маҳаллӣ дар радди иҷозати гирдиҳамоӣ гуфтааст, дархости эътирозгарон ба талаботи қонун ҷавобгӯ нест.

Макс Бокаев ва Талғат Аян дар барангехтани адоват, ташкили гирдиҳамоии ғайриқонунӣ айбдор мешаванд. Ин ду фаъоли ҷамъиятӣ дар шумори ташкилкунандагони асосии эътирозҳои Атирау дар таърихи 24 апрел буданд.

XS
SM
MD
LG