Ссылки доступа

ВКД Тоҷикистон ба хабарнигорони фаврӣ мукофот медиҳад


Дар сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гӯшаи "Хабарнигори фаврӣ" таъсис шудааст, ки шаҳрвандон метавонанд оҷилан навори видеоии ҳодисаҳои табиӣ, ҷиноӣ, ҳуқуқвайронкунӣ, қонуншиканӣ, ҳолатҳои фавқулодда, сӯхтор ва садамаҳои нохуши нақлиётиро фиристанд.

Ба гуфтаи умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи ВКД, соҳибони наворҳои беҳтаринеро, ки комиссияи ин ниҳод муайян мекунад, тӯҳфаҳои арзишманд ва мукофоти пулӣ интизор аст. Ҳамчунин шахсоне, ки дар ҷамъбасти семоҳа навори беҳтарин ирсол кардаанд, новобаста аз тӯҳфаи пешин, дубора қадрдонӣ хоҳанд шуд.

Шаҳрвандон метавонанд наворҳои худро бо се забон тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ фиристанд. "Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки маводро мефиристад, кафолат дода мешавад, - таъкид кардааст сухангӯи ВКД.

Граждане могут отправлять материалы на трех языках; таджикском, русском и английском. Конфиденциальность о лицах отправляемых свои материалы будет гарантирована.

ВКД бар ин аст, ки иқдоми мазкур барои ошкори саривақтии ҷинояту қонуншиканиҳо кумак хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG