Ссылки доступа

Созиши ҷудоихоҳон бо Украина барои табодули асирон


Мақомоти ҷумҳуриҳои мардумии худхондаи Донетск ва Луганск рӯзи панҷшанбе хабар доданд, ки дар бораи раҳоии ҳамаи асирон бо Киев созиш карданд.

Олга Кобтсева, намояндаи ба истилоҳ "ҶМЛ" гуфт, ин созиш 21 сентябри соли равон зимни мулоқоти Минск ба миён омадааст. Дар вохӯрии мазкур ҳамчунин барои ихроҷи нерӯҳо аз се минтақаи Донбасс созиш шуда буд.

Ирина Герашенко, муовини раиси Радаи болоии Украина рӯзи чаҳоршанбе иттилоъ дод, ки ҷудоихоҳон розӣ шудаанд, то намояндагони Созмони амнияту ҳамкории Аврупо бо асирони украинӣ мулоқот кунанд. Вале ӯ дар бораи табодули гаравгонҳо чизе нагуфт.

Низои Донбасс баҳори соли 2014, дақиқтараш баъди ғасби Қрим аз сӯи Русия оғоз шуд. Киев ва кишварҳои Ғарб Москваро дар он айбдор мекунанд, ки ба ҷудоихоҳон ёрии низомӣ мерасонад. Аммо Кремл инро рад мекунад. Ба ҳисоби СММ, аз оғози даргириҳои Донбасс инҷониб 9 ҳазору 600 одам кушта шудааст.

XS
SM
MD
LG