Ссылки доступа

Дар Тоҷикистон ҷавобгарӣ барои фирор аз андоз сабук мешавад


Тарҳи тағйиру иловаҳои нав ба Кодекси ҷиноии Тоҷикистон вориди порлумон шудааст, ки дар сурати ҷонибдорӣ ёфтанаш аз сӯи вакилон, ҷавобгарии ҷиноӣ барои напардохтани андоз ва ё боҷи гумурукӣ дар ҳаҷми хурд аз байн меравад.

Мавлуда Қаландарзода, узви Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагон гуфт, ҳоло дар Кодекси ҷиноӣ меъёри ба ҷавобгарӣ кашонидани афрод барои саркашӣ аз пардохтҳои гумрукӣ ва ё андоз дар ҳаҷми 10 ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо муқаррар шудааст. Ҳамакнун, ба гуфтаи Қаландарзода пешниҳод шудааст, ки меъёр аз 10 ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо (400 ҳазор сомонӣ) то 20 ҳазор (800 ҳазор сомонӣ) боло бурда шавад. Яъне, то замоне, ки қарзи андоз ва ё пардохтҳои гумрукии шахс ба 800 ҳазор сомонӣ нарасад, ӯ ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида намешавад.

Ҳамзамон ба таъкиди ин вакили Маҷлиси намояндагон тағйироти мазкур имкон медиҳад, ки андозсупорандагон ва инчунин ширкатҳо дар муҳлати то 48 рӯзи бонкӣ маблағи қарзи андоз ва ё пардохтҳои гумрукиашонро бипардозанд. Меъёре, ки ҳоло дар Кодекси ҷиноӣ вуҷуд надорад.

Қаландарзода афзуд, ин тағйирот ба хотири озодии бештари соҳибкорон, фароҳам овардани имкониятҳои зиёд ва як навъ дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ дар кишвар рӯи даст гирифта шудааст.

Бар пояи қонунгузории кунунӣ барои саркашӣ аз боҷи гумрукӣ ва андоз додгоҳ метавонад шахсро аз ду то се сол равонаи зиндон кунад.

XS
SM
MD
LG