Ссылки доступа

Даъвати Остона барои таъсиси "минтақаҳои нави бидуни ядро"


Вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Ерлан Идрисов зимни суханрониаш дар Маҷмааи умумии СММ гуфт, кишвараш ҷонибдорӣ таъсиси минтақаҳои нави бидуни ядро аст. Вай мегӯяд, Остона ҷонибдор аст, ки дар Шарқи Наздик низ, мисли Осиёи Марказӣ, минтақаи бе ядро таъсис шавад.

Ба гуфтаи вай, ин чораандешӣ имкон медиҳад, ки дар минтақа субот барқарор шавад.Вазири хориҷаи Қазоқистон гуфт, қатъномаи СММ дар бораи бунёди дунёи бидуни силоҳи ҳастаӣ, ки соли 2015 тасдиқ шуд, аз сӯи Остона пешниҳод гардида буд.

Аммо, ба гуфтаи вазир, беэътимодӣ миёни абарқудратҳои ҷаҳонӣ ва гуруҳҳои минтақавӣ нагузошт, ки ҷаҳон аз силоҳи ҳастаӣ даст кашад.

Вазири корҳои хориқии Қазоқистон афзудааст, кишвараш 25 сол пеш бузургтарин полигони ядроиро дар ҳудудаш баст ва аз чаҳорумин силоҳи ядроии ҷаҳонӣ даст кашид, акнун "комилан ҳаққи маънавиаш" аст, ки ба аз байн бурдани силоҳи ҳастаӣ дар ҷаҳон талош кунад.

XS
SM
MD
LG