Ссылки доступа

Имомони масҷидҳои Ӯзбекистон: чиндани пахта дар Ислом воҷиб аст


Бархе аз имомҳои масҷидҳои Ӯзбекистон дар авҷи маъракаи ҷамъоварии пахта аз намозгузорон даъват кардаанд, ки ба пахтачинӣ бароянд.

Ҳатто баъзеи онҳо гуфтаанд, ки чидани пахта дар Ислом барои ҳар як мусулмон воҷиб аст. Ба ҷуз ин, дар бештари масҷидҳои Ӯзбекистон барои ҷамъоварии пахта аз намозгузорони пул мегиранд.

Яке аз ходимони масҷиди "Ҳазрати Алӣ"-и шаҳри Тошканд ин иттилоъро тасдиқ кардааст. Ба гуфтаи вай, даъвати имомон бар пояи дастури Идораи мусулмонони Ӯзбекистон сурат гирифтааст.

Дар ҳамин ҳол, сокинони навоҳии дигари Ӯзбекистон мегӯянд, ки имоми масҷидҳои онҳо низ рӯзи ҷумъаи гузашта аз намозгузорон даъват карданд, ба пахтачинӣ раванд. Ҳатто бархеашон худ барои чидани пахта ба саҳро баромадаанд.

Созмонҳои хориҷии байналмилалӣ борҳо Тошканди расмиро барои он интиқод карданд, ки сокинонашро зуран ба пахтачинӣ ҷалб мекунад. Гуруҳи созмонҳои ҳуқуқи инсони Cotton Campaign пайваста ҳукумати Ӯзбекистонро даъват мекунанд, ки аз нерӯи иҷборӣ дар ҷамъоварии пахта даст бикашад.

XS
SM
MD
LG