Ссылки доступа

АМА розӣ шуд, истихроҷи нафтро коҳиш диҳад


Аморати Муттаҳидаи Араб (АМА) розӣ шудааст, то барои нигаҳ доштани нархи ҷаҳонии нафт истихроҷи онро коҳиш диҳад. Ба иттилои хабаргузории Reuters, Арабистони Саудӣ низ пешниҳод кардааст, ки агар Эрон истихроҷи нафтро коҳиш диҳад, Риёз низ барои ин иқдом омодааст.

Нархи нафт дар пешорӯи мулоқоти созмони кишварҳои истихроҷкунандаи нафт (ОПЕК) дар Алҷазоир, ки қарор аст, рӯзҳои наздик дар доираи Форуми байналмилалии энергетикӣ баргузор шавад, каме боло рафтааст. Тавре AFP иттилоъ додааст, як баррел нафти Brent 60 сент қиммат ва ба 46,5 доллар баробар шудааст.

Нархи нафт ба иллати истихроҷи аз ҳад зиёд нисбат ба соли 2014 беш аз ду баробар поин рафтааст. Ин тағйирот кишварҳои узви ОПЕК ва ҳатто Русияро, ки шомили ин созмон нест, маҷбур кардааст, то даст ба кор шаванд, менависад Deutsche Welle.

XS
SM
MD
LG