Ссылки доступа

Таркиши автобуси низомиёни Туркия 10 кушта бар ҷой гузошт


Дар натиҷаи таркиши як автобуси низомиён дар ҷанубу шарқи Туркия 10 корманди хадамоти махсус кушта ва 7 тани дигар захмӣ шудаанд.

Ин таркиш дар шоҳроҳи миёни шаҳрҳои Дерик ва Қизилтеппа, минтақаи асосан курднишин рух додааст. То ҳол масъулияти ин ҳодисаро гуруҳе ба зимма нагирифтааст, вале мақомот Ҳизби мамнуи коргарони Курдистонро, ки дар гузашта пайравонаш борҳо ин гуна ҳамлаҳоро кори худ хондаанд, айбдор мекунанд.

Соли гузашта дар пайи қатъи низоми оташбас миёни ҷангиёни курд ва нерӯҳои турк дубора задухурдҳои мусаллаҳона оғоз шуда, то ба ҳол ҷони беш аз 600 корманди хадамоти махсуси Туркия ва ҳазор курдро рабудаанд. Аз оғози даргириҳо дар соли 1984 инҷониб,ки ба онҳо талоши 15 миллион курд барои касби истиқлол сабабгор аст, беш аз 40 ҳазор одам кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG