Ссылки доступа

Раъйпурсии Озарбойҷонро баргузоршуда эълон карданд


Дароз кардани муҳлати президентӣ, поин бурдани синни номзадӣ ва таъсиси мақоми ду ноиби раисҷумҳур яке аз тағйироти аслӣ дар Қонуни асосии Озарбойҷонанд.

Бар пояи қонунгузорӣ, раъйпурсии ин кишвар баргузоршуда эълон гардид, зеро дар он беш аз 25%-и раъйдиҳандагон иштирок кардаанд.

Рӯзи 26 сентябри соли равон дар Озарбойҷон барои ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосии ин кишвар раъйпурсӣ гузаронида шуд. Шаҳрвандон дар 5 ҳазору 627 нуқтаи овоздиҳӣ раъй дода, раванди овоздиҳиро 53 ҳазору 531 нозир мушоҳида карданд. Шумори шаҳрвандоне, ки ҳаққи додани раъйро доранд, ба беш аз 5 миллион нафар мерасад.

Қонуни асосии Озарбойҷон алакай ду бор, солҳои 2002 ва 2009 иваз шудааст. Ин бор раъйдиҳандагон маҷбур набуданд, ки ба ҳамаи пешниҳодҳо “ҳа” ё “не” бигӯянд, балки метавонистанд, пешниҳодҳои алоҳидаро қабул ё рад кунанд. Ба назари нозирон, ҳадафи аслии бештари иловаҳо мустаҳкам кардани қудрати оилаи ҳукумрон ва худи президент Алиев аст.

Аз ҳама тағйироти муҳим ин дароз кардани муҳлати президентӣ аз 5 то ба 7 сол аст. Президенти кунунӣ Илҳом Алиеви 54-сола, ки соли 2003 қудратро аз падари бемораш ба "мерос" гирифтааст, се бор дар интихоботҳои 2003, 2008 ва 2013 баранда эълон шудааст ва давраи раёсати он қарор аст, соли 2018 ба поён расад.

Синну соли миёнаи номзад ба мақоми президентӣ, ки феълан 35-сола аст, лағв ва синни номзадҳо ба порлумон аз 35 то 18 коҳиш дода шуд. Коршиносон ба ин назаранд,ки тағйироти мазкур маҳз барои писари президенти Озарбойҷон Ҳайдар Алиеви 18-сола сурат гирифт.

Дар ҳамин ҳол, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Озарбойҷон раъйпурсиро баргузоршуда эълон кардааст.

XS
SM
MD
LG