Ссылки доступа

Парвандаи ҷиноӣ зидди 7 вакили тозаинтихоби Думаи Русия


Додситонии Украинаи ҷумҳурии худмухтори Қрим зидди вакилони Думаи давлатии Русия, ки дар нимҷазира интихоб шудаанд, бо моддаи хиёнат ба ватан парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Дар модаи мазкур барои ин навъи ҷиноят аз 12 то 15 соли зиндон пешбинӣ шудааст. Ба назари додситонӣ, баргузории интихоботи вакилони порлумонии Русия дар нимҷазираи ғасбшуда халалдор кардани соҳибихтиёрии Украина аст.

Парвандаи ҷиноии мазкур зидди ҳафт вакил - Руслан Балбек, Михаил Шеремет, Наталия Поклонская, Константин Бахарев, Светлана Савченко, Дмитрий Белик ва Андрей Козенко тартиб ёфтааст, ки аз рӯи рӯйхати ҳизбии "Русияи воҳид" ва ҳавзаҳои якмандатӣ вориди Дума шуданд.

Ҳафтаи гузашта мақомоти Украина дар робита ба баргузории интихоботи порлумонии Русия дар Қрим бо моддаи сӯиқасд ба тамомияти арзӣ ва дахлнопазирии кишвар парвандаи ҷиноӣ боз карда буданд.

Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳоди Аврупо низ интихоботи Думаи давлатиро дар нимҷазира эътироф накарданд. Русия соли 2014 Қримро ғасб кард. Киев ва ҷомеаи ҷаҳонӣ пайвастани ин нимҷазираро ба Русия қабул надоранд ва онро ҷузъи қаламрави Украина медонанд.

XS
SM
MD
LG