Ссылки доступа

Додситон хост, раиси ИЖҚ-ро 6 солу 8 моҳ зиндонӣ кунанд


Айбдоркунандаи давлатӣ барои Сайидқозӣ Матаев, раиси Иттифоқи журанлистони Қазоқистон (ИЖҚ) 6 солу 8 моҳ ва барои писараш Асет 6 соли зиндони низомаш умумиро талаб кардааст.

Додситонӣ аз додгоҳ хостааст, ки падару писарро дар қаллобӣ ва саркашӣ аз пардохти андоз айбдор эълон кунад. Дар мурофиаи рӯзи сешанбе ҳамчунин дархост шудааст, ки Матаевҳо аз ҳаққи фаъолияти соҳибкорӣ бароли се сол маҳрум ва амволашон мусодира шавад.

Ин дар ҳолест, ки вакилони дифои Матаевҳо аз додрас талаб доранд, ки парвандаи ҷиноӣ нисбати зерҳимояҳояшонро қатъ кунад.

Баррасии парвандаи Матаевҳо бо гумони содир кардани ҷиноятҳои коррупсионӣ 23 августи соли равон дар Остонаи Қазоқистон оғоз шуда буд.

XS
SM
MD
LG