Ссылки доступа

Олмон тақозои Тоҷикистонро дар мавриди истирдоди "ҷиҳодӣ" беҷавоб мондааст


Мақомоти интизомӣ мегӯянд, давлати Олмон ба тақозои истирдоди як шаҳрванди Тоҷикистон, ки бо гумони узвият дар гурӯҳи террористӣ дастгир шуд, ҳанӯз посух надодаанд.

Як манбаъ дар мақомоти интизомӣ мегӯяд, ин ҷавони 30-солаи тоҷикро моҳи июн дар вилояти Райн-Вестфалияи Шимолӣ дар шаҳри Карлсруе боздошт карданд. Тоҷикистон ба мақомоти дахлдори Олмон “далелу шаҳодатҳо аз ҷумла видеоҳои сабткардаи Маҳмадсаид Саидов”- ро фиристодааст, то собит шавад, ки ӯ дар ҷангҳои Сурия дар сафи гурӯҳи "Давлати исломӣ" меҷангидааст.

Аммо то ҳол посух барои истирдоди ӯро нагирифтаанд ва гуфтӯгуи ду тараф дар ин замина идома доштааст. Айни замон ин ҷавон гуфтааст, ки ӯро дар Олмон муҳокима кунанд ва иддаои кардааст, ки баъди бозпас фиристоданаш ба Тоҷикистон мавриди азобу шиканҷа қарор мегирад. Ҳамсари Маҳмадсаид бо ду фарзандаш дар озодӣ будааст.

Маҳмадсаид Саидовро мақомоти Тоҷикистон ба “зархаридӣ” ва ширкат дар ҷангҳои хориҷӣ муттаҳам мекунанд ва мегӯянд, ки ӯ моҳи апрели соли 2015 ба Сурия рафта ба сафи гурӯҳи Давлати исломӣ пайвастааст. Гуфта мешавад, ин ҷавони тоҷик, ки ҳанӯз дар феҳрасти афроди мавриди ҷустӯҷуи Тоҷикистон дар Интерпол қарор дорад, дар миёни паноҳандагони Сурия, ки аз ҷанг гурехтаанд, худро ба Олмон расондааст.

XS
SM
MD
LG