Ссылки доступа

Дар Қирғизистон зидди раъйпурсӣ имзо ҷамъ меоранд


Ҳаракати мухолифи "Нест бод раъпурсӣ!" зидди баргузории раъпурсӣ ба хотири тағйири Конститутсия ва пароканда эълон кардани порлумон ба ҷамъоварии имзо шуруъ кардааст. Фаъолони ин созмон ҳукуматро айбдор мекунанд, ки афкори мардумро ба инобат намегирад.

Раиси ҳаракати мазкур, роҳбари пешини Палатаи ҳисоб Элмира Ибраимова мегӯяд, тағйироте, ки интизор меравад ба Конститутсия ворид карда шавад, аз ташхиси лозимӣ нагузаштааст.

"Ҷонибдорони раъйпурсӣ ошкоро эътироф мекунанд, ки бо дастури "боло" кор мекунанд. Вакилони порлумон қонунро вайрон карда, сарфи назар аз афкори мардум ба раъйпурсӣ омода мешаванд", - мегӯяд Ибраимова.

Намояндагони ҳаракат ният доранд, давоми 40 рӯз имзо ҷамъ оранд. Натиҷаҳои аввалияи ҷамъоварии имзо 8 октябр эълон хоҳад шуд. Ба ин тартиб онҳо талош доранд, ки аз баргузории раъйпурсӣ пешгирӣ кунанд.

Сарфи назар аз эътирози мухолифон мақомот ба баргузории раъпурсӣ омода мешаванд. Эҳтимол меравад, ин раъйпурсӣ 4 декабр баргузор шавад.

XS
SM
MD
LG