Ссылки доступа

Раъпурсии Озарбойҷон муҳлати президентии Алиевро дароз кард


Дар раъйпурсии ахири Озарбойҷон муҳлати президентӣ аз панҷ то ҳафт сол тамдид шуд. Дар ин бора рӯзи сешанбе комиссияи раъпурсии он кишвар хабар додааст.

Ин ниҳод ҳамчунин гуфтааст, 91,2 дарсади раъйдиҳандагон аз тамдиди муҳлати президентӣ пуштибонӣ кардаанд.

Мухолифони раъйпурсӣ бар ин назаранд, ки ин маърака ба Илҳом Алиев имконият ва уҳдадориҳои бемаҳдудро фароҳам овардааст.

Шӯрои Аврупо аллакай раъпурсии Озарбойҷонро танқид карда, онро муште ба рушди демократияи кишвар номидааст.

Дар соли 2003 Илҳом Алиев ҳукуматро аз падараш "мерос" гирифт. Бо гузашти панҷ сол вай дар интихобот дубора пирӯз шуд. Соли 2009 Илҳом Алиев Конститутсияро тағйир дода, соли 2013 бори севум президент шуд.

XS
SM
MD
LG