Ссылки доступа

Бузургмеҳр Ёров мегӯяд, экстремист нест


Вакили боздоштшудаи тоҷик Бузургмеҳр Ёров гуфтааст, ки ӯ на аз рӯи тарафдорӣ ё алоқааш ба ҳизби ҳоло мамнӯи наҳзати исломӣ, балки аз рӯи, ба қавли ӯ, виҷдони адвокатияш аз ҳаққи намояндагони боздоштшудаи ин ҳизб моҳи сентябри соли гузашта ҳимоят карданӣ буд.

Ӯ рӯзи 27 сентябр ҳангоми баёни сухани охиринаш дар Додгоҳи пойтахт тамоми иттиҳомотро рад карда ва гуфтааст, дар пайи чунин иттиҳомҳои сохта замоне шахсиятҳое мисли Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нусратулло Махсум ҳукми қатл гирифта буданд.

Баёни сухани охирини Бузургмеҳр Ёров баъд аз зуҳри 27 сентябр дар Додгоҳи Душанбе шуруъ шуд, вале хабарнигорону намояндагони созмонҳои байналмилалие чун Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо натавонистанд вориди толори додгоҳ шаванд.

"Бузургмеҳр гуфт, ки вақте наздикони боздоштшудаҳои ҲНИТ омаданд ва аз ӯ ҳамчун вакили дифоъ ёрӣ хостанд, ба онҳо кумак кард. Ин корро аз рӯи виҷдони адвокатӣ кардам гуфт. Баъд таъкид кард, ки ман экстремист нестам, вакили дифоъ ҳастам, вале агар онҳо гунаҳкор буданд, додгоҳ ҳукм мебаровард ва тамоми кор дар дасташ буд. Чаро аз адвокатии мо хавф доштанд?", - афзуд Хосият Ёрова.

Дар мурофиаи рӯзи 19 сентябр айбдоркунандаи давлатӣ дар Додгоҳи шаҳри Душанбе гуноҳи Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамовро исботшуда номид ва аз додрас тақозо кард, ки вакилони мудофеъ ба мӯҳлати тӯлонии зиндон маҳкум шаванд. Рустам Тақдирзода, айбдоркунандаи давлатӣ аз Додгоҳи шаҳри Душанбе хост, ки Бузургмеҳр Ёров ба 25 сол ва Нуриддин Маҳкамов ба 23 соли зиндон маҳкум шаванд.

XS
SM
MD
LG