Ссылки доступа

Духтари президенти Қазоқистон "Роҳ ба сӯи модар"-ро сармоягузорӣ кард


Филми бадеии "Роҳ ба сӯи модар", ки бо кумаки Алия Назарбоева, духтари президенти Қазоқистон таҳия шудааст, фардо ба намоиши васеъ медарояд. Муаллифони филм онро ватандӯстона меноманд.

Муаррифии филм тобистони соли ҷорӣ дар Москва дар ҷашнвораи байналхалқӣ баргузор шуда буд.

Коргардони филм Акан Сатаев мегӯяд, бе пуштибонии давлатӣ чунин филми таърихиро ба навор гирифтан ғайримумкин аст. Вай афзудааст, духтари президент ҳам дар наворгирии филм кумаки зиёде кардааст. Наворгирии филм дар Қазоқистон, Белорус ва Озарбойҷон сурат гирифтааст. Муаллифон буҷаи филмро расман эълон накардаанд.

"Роҳ ба сӯи модар" дар бораи ҷудоии модару фарзанд ҳикоят мекунад. Ин филм даврони колхозсозӣ, таъқиботи сталинӣ, Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ, лагерҳои сталиниро дар бар мегирад.

Ҳанӯз моҳи март Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон ҳам ба филм баҳои баланд дода буд. Пардозгари асосии филм Алия Назарбоева ҳам аз натиҷаи кораш қонеъ аст. "Ҳар боре, ки онро тамошо мекунам, мегирям", - гуфтааст вай.

XS
SM
MD
LG