Ссылки доступа

Бишкек мақоми САҲА-ро дар Қирғизистон тағйир медиҳад


Қирғизистон тасмим гирифтааст, мақоми Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупоро (САҲА) дар ин кишвар тағйир диҳад. Ин иттилоъро намояндагии созмон дар шаҳри Бишкек низ тасдиқ кардааст.

Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон бо ирсоли як нота аз тасмимаш хабар дода, гуфтааст, сар аз 1 январи соли 2017 мақоми Маркази САҲА дар Бишкек ба Дафтари барномаҳои САҲА дар пойтахти ин кишвар тағйир хоҳад ёфт.

Дар нотаи ВКХ Қирғизистон гуфта шудааст, ки тадбири мазкур барои "беҳтар кардани шаклҳои ҳамкорӣ миёни Қирғизистон ва САҲА бар пояи ҳамдигарфаҳмию ҳамкориҳои зич ва муассиртару самараноктар гардонидани фаъолияти созмон дар ҷумҳурӣ андешида шудааст".

Лоиҳаи марбутаи шӯрои доимии САҲА дар фурсатҳои наздик ба ҳайати Қирғизистон дар Вена супорида мешавад. Аммо фарқ миёни мақоми пешинӣ ва ояндаи САҲА шарҳ дода нашудааст.

Ёдрас мешавем, 20 сентябри соли равон дар ҷаласаи солонаи Бюрои САҲА дар Варшава Қодирҷон Ботиров, мухолифи қирғиз, ки дар ватан ғоибона маҳкум ба зиндон шудаааст, зидди тағйири Қонунии асосии Қирғизистон суханронӣ карда, ҳамчунин норозигияшро аз фаъолияти ҳукуматдорон дар ин кишвар баён кард.

ВКХ Қирғизистон роҷеъ ба ин амал эътироз карда, хост, дастрасии Ботиров ба ҳама чорабиниҳои САҲА маҳдуд карда шавад. Ҷониби Бишкек ёдовар шуд, ки Ботиров ғоибона маҳкум ба зиндон шуда, дар кофтукоб қарор дорад.

XS
SM
MD
LG