Ссылки доступа

Конгресси ИМА ветои президентро бекор кард


Конгресси ИМА ветои президент Барак Обамаро, ки нисбати лоиҳаи қонуни фароҳамкунандаи даъвои додгоҳӣ дар робита ба теракти 11 сентябри соли 2001 эълон карда буд, бекор кард.

Дар Палатаи намояндагон зидди бекор кардани вето 348 конгрессмен раъйи мусбат додааст. Дар Сенат ё палатаи болоии порлумон 97 вакил ҷонибдор ва танҳо як нафар раъйи мухолиф додааст.

23 сентябри соли ҷорӣ президенти ИМА Барак Обама ба қабули лоиҳаи қонун, ки ба наздикони қурбониёни теракти 11 сентябр ҳаққи даъво бурдан ба додгоҳро фароҳам меовард, вето эълон кард. Тибқи лоиҳаи мазкур, наздикони қурбониён ҳақ пайдо хоҳанд кард, ки зидди шаҳрвандони хориҷӣ ва ҳукуматҳои хориҷӣ, аз ҷумла Арабистони Саудӣ ба додгоҳ шикоят баранд. Аз 19 иштирокчии ин теракт 15 нафарашон шаҳрвандони Арабистони Саудӣ буданд.

Арабистони Саудӣ ва шариконаш огоҳ карда буданд, ки қабули лоиҳаи қонуни мазкур метавонад боиси пайомадҳои сангин, ба мисли коҳиши робитаҳои расмӣ, гирифтани пулҳои арабӣ аз иқтисодиёти Амрико, коҳиши ширкати кишварҳои Халиҷи Форс дар амалиёти зиддитеррористӣ ва маҳдудсозии дастрасии ИМА ба пойгоҳҳои муҳими ҳавоӣ дар минтақа, шавад.

XS
SM
MD
LG