Ссылки доступа

Раҳмон ва Бордюжа вазъи марзи Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ карданд


Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон 29 сентябр Николай Бордюжа, дабири кулли Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъиро (СААД) ба ҳузур пазируфтааст.

Ба иттилои хадамоти матбуотии президенти кишвар, зимни мулоқот масоили марбут ба иҷрои қарорҳои қаблии дар Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ қабулшуда, омодагӣ ба ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои созмон ва авзои кунунии кишаварҳои ҳавзаи СААД баррасӣ шудааст.

Ҷонибҳо дар бораи ҳамдастии муштарак зиди терроризми байналмилалӣ, экстремизми динӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор ва силоҳ, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва зуҳуроти дигари номатлуб, ки ба амнияту суботи минтақа хатари ҷиддӣ доранд муфассал табодули афкор кардаанд.

Бо изҳори нигаронӣ аз хатари афзоиши фаъолияти созмонҳои террористию экстремистӣ ва паҳншавии идеалогияи бегона дар минтақа ҳар ду ҷониб тақвияти ҳамдастии густурдаро дар мубориза зидди хатарҳо амали муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ карданд.

Зимни баррасии масоили амнияту бехатарӣ дар қисмати ҷануби қаламрави созмон таваҷҷуҳи асосӣ ба вазъи сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Афғонистон ва тақвияти ҳамкорӣ дар таҳкими иқтидору имконоти нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон зоҳир гардид.

XS
SM
MD
LG