Ссылки доступа

Даъвати созмонҳои байналхалқӣ: айбҳои раиси рӯзноманигорони қазоқ бекор шавад


Кумитаи ҳимоят аз рӯзноманигорон, ки дар Ню-Йорки Амрико ҷойгир аст, бо нашри изҳороте 30 сентябр, аз мақомоти Қазоқистон хостааст, ки ҳамаи айбномаҳои раиси Иттифоқи журналистони Қазоқистон Саидқозӣ Матаев ва писараш Асет Матаев бекор карда шавад.

Идораи зиддикоррупсионии Қазоқистон Саидқозӣ Матаевро дар дуздии 380 миллион танга, ки барои харидҳои давлатӣ ҷудо шуда буд, инчунин напардохтани андоз дар ҳаҷми 327 миллион танга, айбдор мекунад. Асет Матаев ҳам дар ҳамин гуна ҷиноят айбдор мешавад. Додситон аз додгоҳ талаб кардааст, ки Саидқозӣ Матаевро шаш солу ҳашт моҳ ва Асет Матаевро шаш сол зиндонӣ кунад. Додситон инчунин талаб кардааст, ки молу мулки онҳо мусодира шавад.

Асет Матаев ба Кумитаи ҳимоят аз рӯзноманигорон гуфтааст, парвандаҳои ҷиноятӣ зидди падару писар "қасоси матлабҳои воқеии онҳо дар бораи Қазоқистон аст ва ин матлабҳо ба ҳукумат писанд наомадааст". Дар суханронии охиронаш дар додгоҳи Саидқозӣ Матаев гуфтааст, ки "мақомот ба хотири садди роҳи фаъолияти касбии онҳоро гирифтан, ин парвандаҳоро эҷод кардаанд".

Кумитаи ҳимоят аз рӯзноманигорон гуфтааст, ки таъқиби падару писар на танҳо ҷонибдоронашон дар Қазоқистонро, балки берун аз онро ҳам нигарон кардааст.

XS
SM
MD
LG