Ссылки доступа

Кумитаи амнияти Қирғизистон ҳамсари як мухолифи тоҷикро боздошт кард


Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон (КДАМ) Ҷаннат Ҳамзаева, ҳамсари мухолифи тоҷик Собир Валиевро боздошт карданд. Дар ин бора раиси созмони ҳомии ҳуқуқи "Килим шамӣ" Азиза Абдурасулова хабар додааст.

Ба гуфтаи вай, Ҳамзаева шаби 2 октябр ҳангоми парвоз аз Истамбули Туркия ба Бишкеки Қирғизистон дар фурудгоҳ боздошт шудааст. Дар хонаи модари Ҳамзаева - Гулнора Айталиева ҷустуҷӯ сурат гирифтааст.

КДАМ-и Қирғизистон ҳанӯз боздошти Ҳамзаеваро расман тасдиқ накардааст.

Собир Валиев дар ҷаласаҳои САҲА дар Варшава суханронӣ ва ҳукумати Тоҷикистонро танқид кард.

XS
SM
MD
LG