Ссылки доступа

Толибон ба Кундуз ҳамла карданд, дар шаҳр ҷанги шадид идома дорад


Дар шаҳри Кундузи Афғонистон миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва ҷангҷӯёни ҳаракати Толибон ҷанги шадид идома дорад. Мақомоти афғон хабар медиҳанд, ки ҷангҷӯён нимашаб якбора аз чанд самт ба шаҳр ҳамла кардаанд.

Дар ҳоли ҳозир нерӯҳои ҳукуматӣ талош доранд, ки мавқеи ҷангҷӯёнро танг кунанд.

Як сол пеш шаҳри Кундуз давоми чанд рӯз дар ихтиёри Толибон буд. Он замон, ба иттилои СММ, дар ҷангҳои байни ин ҳаракати террористӣ ва артиши Афғонистон 289 нафар кушта ва садҳо тани дигар маҷруҳ шуда буданд. Дар муддати як соли охир ҷангҷӯёни толиб ба Кундуз борҳо ҳамла кардаанд.

Хабаргузориҳо менависанд, ки ҷангиёни Толибон дар кӯчаҳои Кундуз бо силоҳ мегарданд. Дар болои шаҳр ҳамчунин ду чархболи нерӯҳои давлатӣ парвоз дорад.

XS
SM
MD
LG