Ссылки доступа

"Террористҳо" барои кӯдакони Петербург майдони бозӣ месохтаанд


Кормандони Шуъбаи зидди террористии пулис субҳи 30 сентябри соли равон ба яке аз ҳуҷраҳои бинои 64, воқеъ дар кӯчаи Костюшкои Санкт-Петербург ҳозир шуда, 12 зодаи Осиёи Марказиро боздошт кардаанд.

Тавре расонаҳои маҳаллӣ хабар доданд, дастгиршудаҳо ҳамчун узви гуруҳи террористии Ҳаракати исломии Ӯзбекистон кофтукоб мешудаанд.

Бино ба маълумоти пешакӣ, ин ду шаҳрванди Ӯзбекистон, ки 32-солӣ доранд, аз соли 2010 инҷониб дар Петербург панаҳ бурда, бо корҳои сохтмонӣ машғул будаанд. "Вақтҳои охир онҳо барои кӯдакон майдончаҳои бозӣ бунёд мекардаанд", – навиштаанд расонаҳо.

Дар пайи тафтиш ҳолатҳои нақзи қонуни муҳоҷирати Русия аз сӯи ҳамхонаҳои онҳо низ ошкор ва аз натиҷаи боздошт мақомоти Ӯзбекистон огаҳ карда шудаанд.

XS
SM
MD
LG