Ссылки доступа

Зарфи шубҳаноке 6 парвозро дар фурудгоҳи Алмаато ба таъхир гузошт


Дар фурудгоҳи Алмаатои Қазоқистон дар робита ба ҳодисаи маводи интиқолаш мамнуъ шаш парвоз ба таъхир гузошта шудааст.

Тавре хадамоти матбуотии фурудгоҳ иттилоъ медиҳад, ҳангоми аз назаргузаронии бағочи як мусофири хатсайри Алмаато - Тифлис зарфе, ки эҳтимолан дар дохилаш симоб буд, дарёфт шудааст.

Мусофир дар посух ба талаби кормандони амниятии фурудгоҳ, ки мавод бояд мусодира шавад, бидуни огаҳӣ зарфро ба қутии партовҳо ҳаво додааст.

Дар пайи ин мусофирон ва кормандони фурудгоҳ зуд аз бинои терминал берун карда шуда, ба ҷойи ҳодиса кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода даъват шудаанд. Аммо манбаъ мегӯяд, ки феълан, фаъолияти тамоми хадамот аз сар гирифта шудааст.

XS
SM
MD
LG