Ссылки доступа

Вакилони Тоҷикистон қасам ёд карданд


63 вакили порлумони Тоҷикистон имрӯз матнеро қироат карданд, ки тибқи он, масъуланд, то аз манфиатҳои шахсиашон даст кашанд ва самимона ба нафъи давлат дар қабул ва эҷоди қонунҳо ширкат кунанд.

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагон, аз нахустин вакилоне буд, ки матни ин савгандро қироат кард. Маросими савгандёдкунии вакилон дар нахустин рӯзи иҷлосияи севуми Маҷлиси Намояндагон дар Душанбе баргузор шуд.

Бар асоси ин матн, ному насаби вакилони порлумон гуфта шуда, ҳар кадоми онҳо қасам мехӯранд, ки "манфиатҳои миллат ва давлатро аз ҳама боло гузошта фаъолияти худро дар асоси Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоям, тамоми нерӯ, дониш ва таҷрибаамро барои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, таҳкими ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд равона сохта дар таҳия ва қабули қонунҳо содиқона ва поквиҷдонона иштирок менамоям".

Бори аввал аст, ки вакилони порлумони Тоҷикистон қасам ёд мекунанд. Вакилон бар ин назаранд, ки ёд кардани қасам масъулияти онҳоро бештар мекунад.

Меъёри савганд хӯрдани вакилони порлумон ба мардуми Тоҷикистон ҷузъе аз 41 тағйиру илова ба Қонуни асосии Тоҷикистон буд, ки рӯзи 22 май тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид.

XS
SM
MD
LG