Ссылки доступа

Муҳокимаи парвандаи Азимҷон Аскаров 4 октябр оғоз мешавад


Додгоҳи вилояти Чуйи Қирғизистон парвандаи Азимҷон Аскаровро 4 октябр бозбинӣ мекунад. Дар ин бора хадамоти матбуотии Додгоҳи олии Қирғизистон хабар медиҳад.

Аскаров дар ноҳияи Бозор-Қурғон ба фаъолияти вакилӣ машғул буд. Баъди ҳодисаҳои моҳи июни соли 2010 дар Қирғизистон вай бо айби ташкили бетартибиҳо ва ҳамдастӣ дар қатли корманди пулис боздошт шуд.

Бо қарори тамоми зинаҳои додгоҳӣ Аскаров ба ҳабси абад маҳкум шуда буд. Моҳи апрели соли ҷорӣ Кумитаи ҳифзи ҳуқуқи СММ аз ҳукумати Қирғизистон хост, Аскаровро аз зиндон раҳо ва айбҳояшро бекор кунад.

12 июл Додгоҳи олии он кишвар қарор кард, ки парвандаро барои бозбинӣ ба додгоҳи вилояти Чуй баргардонад.

XS
SM
MD
LG