Ссылки доступа

Ҳомиёни ҳуқуқ омодаанд, ки бо ҳукумати нави Ӯзбекистон гуфтугӯ кунанд


Дар ҷаласаи САҲА дар Варшава ҳомиёни ҳуқуқи байналхалқӣ ва маҳаллӣ гуфтанд, омодаанд, ки бо ҳукумати нави Ӯзбекистон гуфтугӯ кунанд. Аммо ҳайати расмии Ӯзбекистон дархости ҳомиёни ҳуқуқро бе ҷавоб монд.

Ҷаласаи САҲА дар Варшава - нахустин ҷаласаи васеъ дар умури ҳуқуқи инсон буд, ки ҳайати расмии Ӯзбекистон баъди тағйири ҳукумат дар ин ҷаласа ширкат кард. Ҷаласаи Варшава барои ҳомиёни ҳуқуқи Ӯзбекистон фурсати хубе буд, то бо ҳайтаи расмии кишварашон рӯ ба рӯ шаванд.

"Мо фикр мекардем, ки қисмати аввали гуфтугӯямон бо ҳукумат дар ҷаласаи мазкур шуруъ мешавад. Аммо мутаассифона ҳайати Ӯзбекистон дархости моро бе ҷавоб гузошт", - мегӯяд, яке аз ҳомиёни ҳуқуқ Муътабар Тоҷибоева.

XS
SM
MD
LG