Ссылки доступа

ВАО: Русия ба Сурия маҷмааи мушакии замонавӣ фиристод


Русия бори нахуст дар хориҷ системаи мушакии пешрафтаи зиддиҳавоии С-380 ВМ "Антей-2500"-ро ҷойгир мекунад. Дар ин бора телевизиони Fox News бо истинод ба намояндаҳои амрикоӣ иттилоъ додааст.

Ба иттилои манбаъ, аслиҳа охирҳои ҳафтаи гузашта ба бандари Тартуси Сурия, воқеъ дар соҳили баҳри Миёназамин, ки дар он ҷо пойгоҳи низомии баҳрии Русия ҷойгир аст, интиқол ёфта, ҳанӯз аз дохили контейнерҳо берун оварда нашудааст.

С-380 ВМ барои мушакҳои навъи крузи ИМА ва ҳампаймононаш хатар эҷод мекунад. Он ҳамчунин барои мубориза бо ҳавопаймо ва мушакҳои болдори дурпарвозу кутоҳпарвоз пешбинӣ шудааст.

Барак Обама, президенти ИМА се сол пеш масъалаи бо мушакҳои навъи "Томагавк" ҳадаф қарор додани пойгоҳи ҳавоии Сурияро дар посух ба истифода шудани силоҳи кимиёӣ зидди мухолифони ин кишвар баррасӣ карда буд. Русия аллакай барои ҳимояти пойгоҳҳои низомияш маҷмааи мушакии S-400-ро дар Сурия ҷойгир кардааст.

Обама як сол пеш, дақиқтараш баъди оғози бомбаборонҳои Русия дар Сурия гуфта буд, ки Москва дар ботлоқи ҷанги шаҳрвандии ин кишвари Ховари Миёна фурӯ меравад, вале департаменти давлатии ИМА ахиран расман иқрор кард, ки дахолати низомии Кремл режими Асадро қавитар кардааст.

XS
SM
MD
LG