Ссылки доступа

Мурофиаи Азимҷон Аскаров 11 октябр идома мекунад


Додгоҳи вилояти Чуйи Қирғизистон баррасии парвандаи Азимҷон Аскаровро 11 октябр идома медиҳад. Дар мурофиае, ки рӯзи 4 октябр барпо шуд, Аскаров бо Қуръон савганд хӯрд, ки бегуноҳ аст ва хост, то самимияти суханҳояшро бо дастгоҳи дуруғсанҷ биозмоянд.

Ба ҷуз ин, вакилони дифоъи Аскаров аз додгоҳ хостанд, нафари зери ҳимояашон марҳилаи додгоҳиро дар озодӣ ба сар барад ва парвандаи ҷиноятӣ ба тафтишоти пешакӣ ирсол шавад. Аммо додгоҳ дархости вакилонро рад кард.

Азимҷон Аскаров, ҳомии ҳуқуқ ва сокини ӯзбектабори ноҳияи Бозор-Қурғони Қирғизистон баъд аз ҷанги қирғизҳо ва ӯзбекҳо дар моҳи июни соли 2010 бо гумони ташкили бетартибиҳо ва ҳамдастӣ дар қатли як корманди пулис боздошт шуд.

Бо қарори тамоми зинаҳои додгоҳӣ вай ба ҳабси абад маҳкум шудааст.

Моҳи апрели соли 2010 Кумитаи ҳифзи ҳуқуқи инсони СММ аз ҳукумати Қирғизистон хост, Аскаровро аз зиндон раҳо ва айбномаҳои ӯро бекор кунад. 12 июл Додгоҳи олии ин кишвар парвандаи Аскаровро ба додгоҳи вилояти Чуй ирсол кард.

XS
SM
MD
LG