Ссылки доступа

Вакилон ҳабси Роман Сушенкоро ғайриқонунӣ номиданд


Вакилони мудофеи Роман Сушенко, рӯзноманигори украинӣ, ки мақомоти махсуси Русия ӯро ба ҷосусӣ айбдор мекунанд, аз болои қарори ҳабси зерҳимояашон шикоят бурдаанд. Дар ин бора Интерфакс бо истинод ба хадамоти матбуотии додгоҳи Лефортово иттилоъ додааст.

Марк Фейгин, вакили дифои Сушенко дирӯз тавонистааст, ҳамроҳи зерҳимояаш дар боздоштгоҳи муваққатӣ мулоқот кунад. Ба гуфтаи вай, Роман Сушенко худро бегуноҳ медонад. Ин дар ҳолест, ки Фейгин рӯзи душанбе натавониста буд, бо зерҳимояаш вохӯрад. Зеро ӯ ва ҳатто консули Украина дар Москваро нагузоштаанд, ки бо рӯзноманигор мулоқот кунад.

Роман Сушенко, рӯзноманигори хабаргузории "Укринформ"-ро кормандони Хадамоти амнияти федеролии Русия рӯзи ҷумъа боздошт карданд ва ӯ бо қарори додгоҳ 1 октябр ба ду моҳи ҳабси пешакӣ маҳкум шуда, феълан дар боздоштгоҳи муваққатии "Лефортово" нигаҳдорӣ мешавад.

Мақомоти махсуси Русия иддао доранд, ки Роман Сушенко корманди хадамоти иктишофии Украина аст. Вазорати мудофеаи Украина ин иддаоро рад карда, Киев аз Москва талаб дорад, ки Сушенкоро фавран озод кунад. "Укринформ" боздошти кормандашро "дасисаи тарҳрезишуда" хонд.

XS
SM
MD
LG