Ссылки доступа

"Роҳи протоколии президент" дар Тошканд барҳам мехӯрад


Дар Тошканд роҳу чорроҳаҳое, ки қаблан барои таъмини амнияти корвони мошинҳои Ислом Каримов, президенти нахустини Ӯзбекистон ҳаракат дар онҳо манъ шуда буд, дубора боз мешаванд.

Ин роҳу чорроҳаҳо дар хиёбони Мустақилият, воқеъ дар гирду атрофи қароргоҳи президенти Ӯзбекистон ҷойгир буда, бастани онҳо, ки "таъмини амният" арзёбӣ мешуд, равуои шаҳрвандони одӣ ва соҳибони мошинҳоро мушкил мегардонд.

Боз шудани ин минтақаҳо роҳи сокинони маҳаллиро аз хона то ҷои кор чанд километр наздиктар хоҳад кард. Ҳамчунин маҳдудияти ҳаракати мошинҳо дар Ҳалқаи Хурд ва дигар масирҳое, ки ба "роҳи президентӣ" мепайвастанд, мавҷуд буд

Ба ҷуз ин, дар пойтахти Ӯзбекистон боз кардани чорроҳаи хиёбони Мустақилият ва кӯчаи Оққурғонро шуруъ кардаанд. Моҳи августи соли гузашта ҳаракат ба самти муқобил тавассути он манъ шуда буд.

XS
SM
MD
LG